ЛАВҲИ ЭҲТИРОҚ (#15677)

Ба номи Худованди Қадимтарин ва Бузургтарин!
Мухлисонат аз нори фироқи Ту сухтаанд. Куҷост, дурахшиши анвори Лиқои Ту, ё Маҳбуби оламҳо?
Тарк шудаанд муқаррабонат дар зулмати ҳиҷрон. Куҷост, ишроқи субҳи висоли Ту, ё Мақсуди оламҳо?
Афсурдаанд ҷасадҳои асфиёи Ту дар арзи дурӣ. Куҷост, баҳри наздикии Ту, ё Ҷаззоби оламҳо?
Дастони умед ба суйи осмони бахшиш ва меҳрабонии Ту баланд гардидаанд. Куҷост, борони атои Ту, Эй Посухдиҳандаи оламҳо?
Кофирин аз ҳар су ба зулм ва ситам бархостаанд. Куҷост, тасхири қалами тақдири Ту, Эй Мусаххири оламҳо?
 Овози сагон аз ҳар су баланд гардидааст. Куҷост, шери бешаи сатвати Ту, Эй Қаҳҳори оламҳо?
Сардӣ ҳамаи мардумонро фаро гирифтааст. Куҷост, гармии меҳри Ту, Эй Оташи оламҳо?
Бадбахтӣ ба авҷи аъло расидааст. Куҷост, падидориҳои наҷоти Ту, Эй Наҷотдиҳандаи оламҳо?
Торикӣ бисёрии офаринишро иҳота намудааст. Куҷост, нурҳои дурахшиши Ту, Эй Дурахшандаи оламҳо?
Гарданҳо барои нифоқ дароз шудаанд. Куҷоянд, шамшерҳои интиқоми Ту, Эй Ҳалоккунандаи оламҳо?
Хорӣ ба пасттарин ҳадди худ расидааст. Куҷоянд, нишонаҳои иззати ту, Эй Иззати оламҳо?
Ҳузн Матлаъи Исми Раҳмони Туро фаро гирифтааст. Куҷост, сурури Мазҳари Зуҳури Ту, Эй Фараҳи оламҳо?
Мебинӣ, бомдоди Нишонаҳои Ту дар паси пардаҳои гуфторҳои зишт афтодааст. Куҷост, ангушти қудрати Ту, Эй Иқтидори оламҳо?
Ташнагии дардангез ҳамаи инсонҳоро фаро гирифтааст. Куҷост, руди ғамхории Ту, Эй Раҳмати оламҳо?
Ҳирс ҳамаи мардумонро гирифтор намудааст. Куҷоянд, таҷассуми инқитоъи Ту, Эй Мавлои оламҳо?
Мебинӣ, Мазлумро, ки танҳост дар ғурбат: Куҷост, сипоҳи Амри Ту, Эй Султони оламҳо?
Танҳо дар диёри ғариб тарк гардидаам. Куҷоянд, нишонҳои бовафоии Ту, Эй Вафои оламҳо?
Ранҷу озори пеш аз марг ҳамаи мардумонро иҳота намудааст. Куҷоянд, қатраҳои баҳри Ҳаявони Ту, Эй Ҳаёти оламҳо?
Васвасаҳои Шайтон дар ҳама офариниш дамида шуд. Куҷост, шиҳоби нори Ту, Эй Равшании оламҳо?
Аксарияти мардумон аз сармастии хоҳишҳои нафс табоҳ гардидаанд. Куҷоянд, бомдодҳои тақвои Ту, Эй Мақсуди оламҳо?
Мебинӣ, Ин Мазлумро, зери ҳиҷоби зулм, дар байни аҳли Шом. Куҷост, дурахшиши нурҳои саҳаргоҳи Ту, Эй Равшании оламҳо?
Мебинӣ, ки Ман мамнуъам аз баён. Пас аз куҷо нағамоти Ту зоҳир гардад, Эй Варқои оламҳо?
Иҳота кардаанд хаёлҳо ва гумонҳо аксари одамонро. Куҷоянд, маҳалҳои тулуъи иқони Ту, Эй Оромии оламҳо?
Баҳо дар баҳри бало ғарқ гардидааст. Куҷост, Сафинаи наҷоти Ту, Эй Раҳонандаи оламҳо?
Мебинӣ, Матлаъи оёти Ту дар зулмати офариниш аст. Куҷост, шамси уфуқи инояти Ту. Эй Равшанибахши оламҳо?
Чароғҳои сидқу сафо ва ғайрат ва вафо хомуш гардидаанд. Куҷоянд, нишонаҳои хашми қасосгири Ту, Эй Муҳаррики оламҳо?
Оё мебинӣ, касе ба Ту ёрӣ диҳад, ё дар фикри он бошад ки дар роҳи меҳри Ту бар сари У чӣ омад? Акнун Қалами Ман бигзор бозистад, Эй Маҳбуби оламҳо!
Шохаҳои дарахти осмонии Сидратул Мунтаҳо аз вазишҳои бодҳои сарнавишт шикастанд. Куҷост, парчамҳои ёрии Ту, Эй Ёвари оламҳо?
Ин Руй аз ғубори туҳмат пинҳон. Куҷост, насими раҳмати Ту, Эй Раҳмони оламҳо?
Ҷомаи тақдис зи дасти нопокон олудааст. Куҷост, тарози муқаддасии Ту, Эй Зинатдиҳандаи оламҳо?
Аз он чӣ дастони мардумон аз худ кардаанд, баҳри бахшиш ором шуд ва аз мавҷафшонӣ бозмонд. Куҷост, мавҷҳои фазли Ту, Эй Муроди оламҳо? 
Дар ба суйи Лиқои Илоҳӣ аз ситами душманони Ту баста шуд. Куҷост, калиди бахшиши Ту, Эй Кушояндаи оламҳо? 
Баргҳо аз боди самуми нифоқ зард гардидаанд. Куҷост, борони сели абри диҳиши Ту. Эй Диҳандаи оламҳо? 
Ҳамаи офариниш аз ғубори исён торик гардидааст. Куҷост, нафаҳоти ғуфрони Ту, Эй Ғаффори оламҳо? 
Ин Ҷавон дар сарзамини беобу гиёҳ танҳост. Куҷост, борони найсони осмони фазли Ту, Эй Фарёдраси оламҳо? 
Эй Қалами Аъло, Мо нидои бисёр ширини Туро дар фармонравоии поянда шунидем! Гуш бидеҳ ба он чӣ Забони Азамат ба он ба гуфтор омад, Эй Мазлуми оламҳо!
Агар сардӣ набошад, чӣ гуна гармии гуфтори Ту падидор гардад, Эй Мубайини оламҳо?
Ва агар бадбахтӣ набошад, чӣ гуна офтоби бурдбории Ту дурахшон гардад, Эй Рушаноии оламҳо?
Шикоят макун аз ашрор! Зеро ки Ту халқ шудаӣ барои сабр кардан, Эй Сабри оламҳо.
Чӣ ширин аст, дурахшидани Ту аз уфуқи Мисоқ дар миёни барангезандагони нифоқ ва иштиёқи Ту ба Худованд, Эй Ишқи оламҳо.
Ба воситаи Ту парчами истиқлол бар баландтарин фарозҳои куҳҳо барафрошта гардид ва баҳри бахшиш ба мавҷ даромад, Эй Валаҳи оламҳо.
Ба танҳоии Ту Офтоби Яктоӣ дурахшон шуд. Бо дурафтодагии Ту сарзамини ягонагӣ ороиш ёфт. Пас сабр кун, Эй Ғариби оламҳо.
Мо зиллатро пироҳани иззат ва мусибатро зинати пайкари Ту намудем, Эй Фахри оламҳо.
Мебинӣ, дилҳо аз кина пур гардидаанд, ва чашм пушидан бар он аз Туст, Эй Саттори гуноҳони оламҳо!
Вақте шамшерҳо бар сарат кашиданд, бипазир! Вақте тирҳо ба суят парвоз кунанд, истиқбол бигир! Эй Фидои оламҳо! 
Оё Ту нола мекунӣ, ё Ман нола хоҳам кард? Балки аз камии ёварони Ту гиря хоҳам кард. Эй Оне, ки дар ҳаққаш баланд гардид фиғони оламҳо!
Ба ростӣ, Ман, Эй Маҳбуби Абҳо, нидои Туро шунидам; ва акнун руйи Баҳо аз ҳарорати бало шуълавар аст, ва аз нурҳои калимаи дурахшандаи Ту, ва У бо вафо дар қурбонгоҳ бархост, ва мунтазири ризои Туст,	Эй	Сарнавиштофарини оламҳо.
Эй Алӣ Акбар, шукр гуй Парвардигорро, барои Лавҳе, ки аз он метавонӣ буйи хуши мазлумияти Маро дарёбӣ, ва дарк намоӣ, ончиро ки фаро гирифтааст Моро дар роҳи Худованди Маъбуди оламҳо.
Агарчи ҳама бандагон инро бихонанд ва дар он бияндешанд, дар рагҳои онон норе хоҳад барафрухт, ки аз он фурузон хоҳанд гардид оламҳо.

-Bahá'u'lláh
-----------------------

